Ба гузориши хабарии «Абна», сипаҳсолор Муҳсин Ризоӣ, мушовири низомии Сарфармондеҳи Клӣ, дар мусоҳиба бо хабарии «Спутник» таъкид кард, ки тангаи Ҳурмуз масъалаест марбут ба Эрон ва Умон ва ҳеҷ тарафи сеюм ҳаққи дахолат дар идораи ин гузаргоҳи стратегиро надорад.
Ризоӣ изҳор дошт: «Тангаи Ҳурмуз танҳо ба Эрон ва Умон марбут аст ва ба Иёлоти Муттаҳида ё кишварҳои Аврупо иҷоза намедиҳем, ки идораи ин роҳи стратегиро ба даст гиранд».
Ӯ инчунин бо ишора ба рафтуомади баҳрӣ дар ин обгузар афзуд, ки ҳар рӯз тақрибан 30 киштӣ аз тангаи Ҳурмуз мегузаранд ва Эрон омодагии пазируфтани иқтидори бештари трафики баҳриро низ дорад.
Мушовири Роҳбари Инқилоб дар охир ишора кард, ки Иёлоти Муттаҳида монеи ҳаракати баъзе киштиҳое мешавад, ки дар роҳҳои баҳрии пешакӣ муайяншуда рафтуомад мекунанд.
Your Comment